Тоҷикистон ва Ҷопон амалисозии лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 17.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 январ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошиҳиро Аики мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопонро дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, омодасозии кадрҳо ва робитаҳои илмию фарҳангӣ, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак ва ҳамчунин дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти тақвияти минбаъдаи ҳамкориро дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» таъкид намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






