ҶУДО. Тоҷикистонро дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия панҷ паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 16.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 январи соли равон дар шаҳри Одивелас мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Барои иштирок дар ин мусобиқа 641 варзишгар (356 мард, 285 зан) аз 90 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзишгар, аз ҷумла Шаҳбоз Саидаброров (дар вазни то 66кг), Муҳаммадшариф Наҷмуддинов (дар вазни то 73кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (дар вазни то 81кг), Абубакри Акобир ва Эмомризо Анварзодаро (ҳарду дар вазни то 100кг) ба Португалия равон менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Ба ғолибон 3000 евро, барандагони медали нуқра 2000 ва барандагони медали биринҷӣ 1000 евро супурда мешавад.
Ҳамчунин варзишгарон хол гирифта, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






