Зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак дар соҳаи экология баъзе ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор шуданд

Январь 15, 2024 17:51

ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани санҷиши муштарак ҳуқуқвайронкуниҳоро ошкор намуданд.

Аз ҷумла, нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос будани воситаи нақлиёт 402 санад, барои 96 ҳолати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва 10 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводи пошхӯранда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади пешгирии  ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва амалисозии тадбирҳо вобаста ба нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардидаанд, андешида шудааст.

Зимни баргузории санҷиши фаврӣ маълум гардид, ки то ҳанӯз қонуншиканиҳо дар ин самт мушоҳида гашта, шаҳрвандон қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо риоя наменамоянд.

Дар ҷараёни санҷишҳои муштарак нозирон бо аҳолӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт роҷеъ ба риояи қонунгузориҳои амалкунанда, фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифату тарбияи экологӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди корҳои ободониву созандагӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.   

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 15, 2024 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид