Рустам Ятимов бо автомобили сабукрави «Toyota Carolla» қадрдонӣ шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов автомобили сабукрави «Toyota Carolla» тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи бошгоҳи «Истиқлол».
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани калиди автомобили нави тамғаи «Toyota Carolla», соли барориаш 2023 ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол» Рустам Ятимов баргузор гардид.
Рустам Ятимов бо ҳунарнамоии пурҷилояш дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлисони футболро шод намуда, сазовори чунин туҳфаи арзишманд гардид.
Аз ҷониби роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро директори генералии ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид.
АКС: бошгоҳи «Истиқлол»










Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






