Рустам Ятимов бо автомобили сабукрави «Toyota Carolla» қадрдонӣ шуд

Февраль 6, 2024 15:11

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ва бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе Рустам Ятимов автомобили сабукрави «Toyota Carolla» тақдим гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи бошгоҳи «Истиқлол».

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии супоридани калиди автомобили нави тамғаи  «Toyota Carolla», соли барориаш 2023 ба дарвозабони дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва бошгоҳи футболи «Истиқлол» Рустам Ятимов баргузор гардид.

Рустам  Ятимов бо ҳунарнамоии  пурҷилояш  дар ҳайати мунтахаби миллии Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 дили миллионҳо мухлисони футболро  шод намуда, сазовори чунин туҳфаи арзишманд гардид.

Аз ҷониби  роҳбарияти бошгоҳи футболи «Истиқлол» ба Рустам Ятимов калиди мошинро директори генералии ширкати «Тоҷ Моторс», дилери расмии ширкати «Тойота» дар Тоҷикистон Аҳмадҷони Муҳаммад супорид.

АКС: бошгоҳи «Истиқлол»

Февраль 6, 2024 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид