12 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 11, 2024 14:28

ДУ0ШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оила нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 11:00 (бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) баргузор мегардад.

Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ соати 13:00 доир мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соати 14:00 барпо мегардад.

Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 гузаронида мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2024 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид