РУШДИ ДЕҲОТ. Соли гузашта 2 шаҳрак таъсис дода шуда, номи 2 деҳот ва 12 деҳа иваз гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Давоми 3 соли охир дар ҷумҳурӣ 104 муассисаи томактабӣ, 276 толори варзишӣ ва 897 майдончаҳои варзишӣ бунёд карда шудааст. Аз ҷумла, 3 муассисаи томактабӣ, 12 толори варзишӣ, 34 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 23 муассисаи томактабӣ, 21 толори варзишӣ, 47 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 14 муассисаи томактабӣ, 112 толори варзишӣ, 361 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 18 муассисаи томактабӣ, 16 толори варзишӣ, 62 майдончаи варзишӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, 46 муассисаҳои томактабӣ, 115 толори варзишӣ ва 393 майдончаҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ин маълумотро Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он натиҷаи таҳлили ин ниҳод вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мебошад, 2 феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ пешниҳоди хабарнигорон намуд.
Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки соли 2023 аз ҷониби Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис додани шаҳрак, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини навбунёд, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои Тоҷикобод, Левакант, Восеъ, Зафаробод ба имзо расонида, бо қарорҳои мазкур 2 шаҳрак таъсис дода, номи 2 деҳот, 12 деҳа иваз карда, 1 маҳали аҳолинишини навбунёд ба категорияи деҳа мансуб дониста шуд.
«Дар айни замон, 7 лоиҳаи карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин, таъсис додани шаҳрак ва деҳот, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишини навбунёд таҳия гардида, дар баррасӣ ва мувофиқасозӣ бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд», -гуфта шуд дар нишасти мазкур.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






