30-СОЛАГИИ КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН. Ин санад нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат аст
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2020/11/Konstitutsiya.jpg)
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30 — солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар мамлакат «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид. Дар ин робита мақолаи муовини Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Карим КАРИМЗОДА доир ба аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст, ки дар зер манзури хонандагон мегардад.
— Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, «Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамуд, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».
Аҳамияти таърихию сиёсии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар бунёди давлати миллӣ аз инҳо иборат мебошад:
Якум. Бо қабули Конститутсия ба шакли қабул ва даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар маҷлисҳои Парлумон аз ҷониби (вакилон), ки дар амалияи давлатдории замони собиқ мавҷуд буд, хотима гузошта шуд. Яъне ба нақш ва мавқеи шаҳрванд – дар маҷмуъ халқ ва ҷомеаи Тоҷикистон ҳамчун унсури марказии сиёсиву иҷтимоӣ дар идоракунии давлат ва сарчашмаи ҳокимияи давлатӣ будани онҳо эътибори конститутсионӣ дода шуда, сатҳ ва дараҷаи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии давлати мо боло бардошта шуд. Раъйпурсии умумихалқӣ унсури марказии иштироки васеи омма дар идоракунии давлатӣ гардид. Ин дигаргунии азими конститутсионӣ-ҳуқуқии ҷомеаи мо гардид, ки бо ҳамин такдиру сарнавишти халқи Тоҷикистон аз иродаи худи халқ вобастагӣ пайдо намуд.
Дуюм. Конститутсияи мо ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ба масъалаи принсипиалӣ ва фундаменталии давлат – хусусияти давлати Тоҷикистон нуқта гузошт. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон шуда, бо ҳамин бо иродаи халқи Тоҷикистон ҳама гуна дигар хусусияти давлат, аз ҷумла давлати исломӣ, ки яке аз сабабҳои асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон гардида буд, инкор карда шуд.
Сеюм. Қабули Конститутсия Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун бузургутарини зуҳуроти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангию ҳуқуқӣ ҳукми конститутсионӣ бахшид. Мазмуну мундариҷа ва муҳтавои санадҳои инъикоскунандаи раванди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991, қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сенябри соли 1991 «Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пурра дар Конститутсия дарҷ гардиданд.
Чорум. Тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг ва забони миллӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, муносибат ба инсон ва шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ, мақомоти маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо намуд. Ба ибораи дигар, Конститутсия шиносномаи давлат ва халқи Тоҷикистон гардид. Тоҷикистон узви Созмони Милали Муттаҳид гардид. Аз ҷониби 192 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф шуда, бо зиёда аз 183 мамлакати ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор намуд. Бо зиёда аз 100 давлат муносибатҳои савдову тиҷоратӣ амалӣ намуда, дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ узвият дорад.
Панҷум. Қабули Конститутсия барои ҳокимияти сиёсӣ, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари қудрат омада буд, аҳамияти таърихӣ дошта, ба он нерую илҳоми тоза бахшид. Онро ба татбиқи сиёсати пешгирифта: хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави давлат, ба ватан ва ҷои зист баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таъсиси мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ғайра, ки дар ин иҷлосия пеш гирифта буд, раҳнамун сохт. Кулли мардуми Тоҷикистон ба қабули Конститутсия овоз дода, амалан пуштибонии худро аз иқдоми Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.
Шашум. Қабули Конститутсия нахустин чорабинии муҳими сиёсии мамлакат буда, барои ҳокимияти сиёсии таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон фаъолиятдошта санҷиши бузург ба шумор мерафт. Қабули он, ки дар шароити басе мураккаби авзои сиёсии иҷтимоӣ доир гардид, аз қобилияти баланди ташкилию роҳбарӣ ва давлатдории Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ӯ шаҳодат медод. Дар дили одамон шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи дурахшони халқу миллат ва давлат пайдо шуда, халқ дар атрофи Роҳбари давлат муттаҳид гардида, сиёсати созанда ва бунёдкоронаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намуданд. Натиҷаи чунин дастгирӣ ва муттаҳидӣ дар атрофи Роҳбари давлат – ободиву шукуфоии мамлакатамон ва эътибори байналмилалии он мебошад.
Ҳафтум. Қабули Конститутсия башорати ба майдони сиёсӣ ва сиёсати ҷаҳонӣ воридшавии шахсият ва чеҳраи нави таърихӣ бо фаҳмишу дарки баланди арзишҳои миллӣ ва арзишҳои байналмилалӣ мебошад. Ин бори дигар исботи илмии нақш ва мавқеи шахсият дар таърих, пешниҳоди барномаи мукаммали созанда ва бунёдкорона, ташаккули элитаи нави сиёсӣ ва миллӣ, аз қафои худ бурдани омма ва дигаргуниҳои сифатии ҷомеаи алоҳида мебошад. Ин ба Пешвои миллат дар пешбурди фаъолияти давлатдорӣ, бунёди давлати нави миллӣ ва саҳмашон дар ҳалли умдатарин проблемаҳои ҷаҳони имрӯза муваффақияти зиёд зам намуд.
Ҳаштум. Қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистон ба ҳама андешаҳои пучу бофташудаи душманони миллати тоҷик, ки давлатдорӣ ва қобилияти ташкилии тоҷиконро нисбат ба бунёди давлати миллӣ, ҳатто ҳамчун миллат ташаккул наёфтани халқи тоҷикро зери суол мегузоштанд, хотима гузошт. Қабули Конститутсия новобаста аз вазъи душвори таърихӣ ягонагӣ ва хиради азалии халқи Тоҷикистонро баръало собит намуда, ҳама ҳарзагӯиҳои душманони дохиливу хориҷии миллати тоҷикро ботил баровард.
Нуҳум. Конститутсия ҳамчун матни иборат аз дебоча, даҳ бобу сад модда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ҳамчун организми зинда буда, рушду таҳкими ратсионалии минбаъдааш дар таҷрибаи ғании конститутсионализми Тоҷикистон ва муносибати эҷодкорона ба матни Конститутсия дарҷ ёфт.
Бо назардошти ин ҳолатҳо ва ризояти миллӣ 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 май соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳои зарурӣ ворид шуданд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба мустаҳкам намудани нақши инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар давлат, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ равона шудаанд.
Даҳум. Конститутсия ба нақш ва мавқеи таърихии халқ ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот баҳои сазовор дод.
Бо назардошти ин интихоботи мақомоти олии давлатӣ, аз ҷумла интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раъйпурсиҳои минбаъда (1999, 2003 ва 2016) дар доираи муқаррароти Конститутсия баргузор гаштанд. Шаҳрвандони мамлакат дар фазои тинҷию оромӣ Президенти мамлакат ва вакилони мақомоти қонунгузорӣ ва намояндагиро интихоб намуда, тавассути татбиқи ҳуқуқҳои фаъоли сиёсиашон ҳокимияти давлатиро ташкил ва ҳуқуқи конститутсионии худро ба интихобот амалӣ намуданд.
6 ноябри соли 1994, 6 ноябри соли 1999, 6 ноябри соли 2006, 6 ноябри соли 2013 ва 11 октябри соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон (19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда буданд), бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ дар интихоботи озоду шаффофи демократӣ дар асоси алтернативӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд, аз ҷумла:
6 ноябри соли 2013 бо 84,23% ва 11 октябри соли 2020 бо 90,92,23% овози интихобкунандагон Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатӣ маротибаи панҷум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 1995, 2000, 2005, 2010, 2015 ва 2020 пурра дар доираи Конститутсия ва бо иштироки баробари ҳизбҳои сиёсии мамлакат баргузор гардид.
Дар интихоботи парлумонии 1 марти соли 2015 4 миллиону 319 хазору 395 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки ин 90,3 фоизи шумораи умумии интихобкунандагонро ташкил медиҳад. Дар интихобот намояндагони шаш ҳизби сиёсии Тоҷикистон вориди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуданд, аз ҷумла Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 43 намоянда, Ҳизби Аграрии Тоҷикистон – 5 намоянда, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон – 3 намоянда, Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон – 2 намоянда, Ҳизби Демократии Точикистон – 1 намоянда, Ҳизби Сотсиалистии Точикистон – 1 намоянда, 8- нафар ба гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ.
Ёздаҳум. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти сиёсии давлат ва мақомоти давлатӣ, сиёсати иқтисодӣ, ичтимоӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ гузошта шуда, онҳо тавассути Конститутсия, 17 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, зиёда аз 370 қонуни соҳавӣ, аз ҷумла 17 қонуни авф (бо назардошти қонун аз 6 сентябри соли 2021), 1 қонуни авфи амвол, 1 қонуни авфи маблағҳои ғайриқонунӣ, 29 қонуни буҷет, зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат танзим мешаванд.
Зиёда аз 834 санади ҳуқуқии байналмилалӣ аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд.
Дар ин муддат се кодекс ва зиёда аз 110 қонун вазифаҳои давриашонро иҷро намуда, аз эътибор соқит дониста шуданд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 «Консепсия дар бораи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2028» қабул гардид, ки он аз 7 боб ва 80 банд иборат мебошад.
Дувоздаҳум. Конститутсияи мамлакат бори нахуст ҳокимияти судиро ҳамчун шохаи баробарҳуқуқи ҳокимияти давлатӣ эълон намуд. Моддаи 19 эълон намуд, ки «ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад».
Тибқи моддаи 84 Конститутсия: «Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Бо назардошти ин муқаррароти Конститутсия ва «Консепсия дар бораи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 – 2028» ба мақсади мутобиқ гардонидани ҳокимияти судӣ ба стандартҳои байналмилалии ҳокимияти судӣ аз соли 2007 то соли 2019 чор фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, аз ҷумла:
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2019 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 – 2021» қабул гардид, ки он аз 4 боб ва 15 модда ва Нақшаи чорабиниҳо иборат мебошад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2015 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2017;
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2013;
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 «Дар бораи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2010 дар рушди таҳкими ҳокимияти судӣ, фароҳам овардани заминаҳои моддӣ ва ақлонии он нақши мондагор бозиданд.
Сенздаҳум. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳукуқҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд оид ба мустақилона муайян намудани муносибати худ ба дин, дар алоҳидагӣ ё дар якҷогӣ бо дигарон пайравӣ намудан ё накардани дин (моддаи 26), муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои динӣ (моддаи 28) шароити мусоиди сиёсӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам овард.
Чордаҳум. Конститутсия, ки ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, бо хусусияти миллиаш дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии шаҳрвандон ва шиносонидани онҳо бо бузургони миллат ва таъриху фарҳанг нақши мондагор гузошт. Вазифаи халқи Тоҷикистон дар хусуси «… мо халқи Тоҷикистон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадорем», ки дар дебочаи Конститутсия омадааст, «Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад» (мод. 40), «Ҳифзи…ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст» (моддаи 45) бо дастгириву заҳматҳо ва ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллии Пешвои миллат дар замони соҳибистиқлолӣ татбиқи худро ёфтанд ва саҳифаҳои нав ба нави таъриху фарҳанги миллатамон барои халқу миллат боз гардид.
Понздаҳум. Конститутсия эълон намуд, ки асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Бо татбиқи ҳамаҷонибаи ин меъёри конститутсионӣ Тоҷикистон аз соли 2000 ба марҳилаи рушди устувор ворид гардида, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар солҳои охир ба ҳисоби миёна беш аз 7,5 фоиз таъмин шуд, ки ин тибқи меъёрҳои байналмилалӣ нишондиҳандаи баланди сатҳи рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Шонздаҳум. Конститутсия эълон намудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад (моддаи 1).
Ҷиҳати ба амал баровардани ин муқаррароти Конститутсия, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд. Сатҳи камбизоатӣ дар маҷмуъ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд. Дарозумрии миёнаи аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст. Дар соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба рушд ва таҳкими минбаъдаи сиёсати иҷтимоии давлат мусоидат менамояд.
Ҳабдаҳум. Тибқи моддаи 16 Конститутсия «Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат таҳти ҳимояи давлат мебошанд», ки ин муқаррарот пайваста дар маркази диққати роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумат қарор дорад.
Барои ҳифзи муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Русия 5 намояндагии дипломативу консулӣ ва намояндагиҳои вазорату идораҳои марбута ифтитоҳ гардиданд. Муҳлати бақайдгирӣ аз 7 то 15 рӯз тамдид шуд. Бо шиносномаҳои биометрии хориҷӣ таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал гардид. Соли 2017 дар Русия «авфи муҳоҷиратӣ» гузаронида шуд. Дар натиҷа беш аз 100 ҳазор шаҳрвандони давлати мо аз рӯйхати ихроҷшудагон аз Русия берун карда шуданд.
Ҳаждаҳум. Тибқи моддаи 36 Конститутсия «Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад».
Ҷиҳати татбиқи ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ ба заминҳои наздиҳавлигӣ 140 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шуда, майдони заминҳои наздиҳавлигӣ дар мамлакат ба андозаи 135 ҳазор гектар, аз ҷумла аз ҳисоби заминҳои обӣ ба андозаи 52 ҳазор гектар зиёд шудааст. Ба зиёда аз 1 миллиону 420 ҳазор оилаи мамлакат барои сохтмони манзили истиқоматӣ замин тақсим карда шуд. Дар маҷмуъ, беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар сокинони мамлакат шароити истиқоматиашонро беҳтар намудаанд, ки аксари онҳоро оилаҳои ҷавон ташкил медиҳанд. Бо ҳамин, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони мамлакат ба манзил амалӣ мешавад.
Ба ҳамин тартиб, имрӯзҳо, ки мо дар арафаи сиюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд мавҷудияти ин санади олии тақдирсози миллатро дар ҳаёти ҷомеа аз ҳар вақта дида, ҳассостар эҳсос намоем. Дар доира ва меҳвари ин санад зистанро омӯзем, меъёрҳо ва муқаррароти онро қоидаи рафтори худ қарор диҳем ва арзишҳои онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Онро ҳамчун бузургтарин дастовард, роҳнамо ва пайвандгари наслҳо дар қатори чунин ифтихору сарбаландии инсонӣ ва миллиамон – Ватану миллат, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ ҷойгузин намоем. Бо такя ба арзишҳои умумибашарию миллӣ, дарки моҳият ва мазмуни созандаю бунёдкоронааш онро як ҷузъи таркибии ғояи миллӣ эътироф намоем.
АКС аз бойгонӣ