35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 10 муассисаи томактабӣ бунёд мешавад

Февраль 15, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёди 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7140 ҷойи нишаст, сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой ва сохтмони 102 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Умед Гуреззода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ноҳия 23 коргоҳу корхонаи саноатӣ, марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ ва бунёди 3 гулгашт дар назар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 таъмири ҷории роҳҳои ҳудуди ноҳия бо масоҳати умумии 45 500 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 иҷрои корҳо 46546,2  метри мураббаъро ташкил намуд, ки 102,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

 Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад