35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин сохтмони бинои нави шуъбаи маориф идома дорад

Февраль 12, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон сохтмони бинои нави шуъбаи маориф идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сохтмони бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 оғоз гардида, аз 3 ошёна бо утоқҳои кории кормандон, маҷлисгоҳ ва меҳмонхона иборат мебошад.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо сохтмони бинои нави шуъбаи маориф шинос шуда, иброз дошт, ки дар доираи дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалишавии барномаҳои давлатии самти маориф маблағгузорӣ ба соҳа сол то сол меафзояд. Ин водор месозад, ки ҳамасола теъдоди зиёди биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маориф ба истифода дода шавад, ки ин ба  беҳтар гардидани шароити таҳсили хонандагон, фаъолияти омӯзгорон ва аҳли маорифи мамлакат мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи маориф моҳи июни соли 2024 ба истифода дода мешавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 12, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе барои хонандагон 210 муассисаи таълимӣ фаъолият менамояд
150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Архимед» сазовори 63 медал гардиданд
Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 25 километр роҳи деҳаи Гулзори шаҳри Кӯлоб мумфарш карда мешавад
Байни Вазорати маориф ва илм ва Идораи маорифи шаҳри Сежонги Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хонандаи шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот сазовори ҷойи якум гардид
Дар Мурғоб коргоҳи маҳсулоти қаннодии «Нозанин» ва 5 гармхона ба фаъолият шуруъ намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд
Дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Ванҷ синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд
50 километр роҳи деҳоти Ҳисор ва Ориён то сарҳади Узбекистон таъмир мегардад