35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад

Февраль 27, 2024 14:49

КӮЛОБ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ бомаром идома дорад. Тавре мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Рустам Ҳусейнов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ин аввалин бинои ҳафтошёнаи истиқоматӣ дар маркази ноҳияи Восеъ мебошад.

Сохтмони бино соли 2023 аз ҷониби ҶДММ «Баракат» оғоз гардид. Гуфта шуд, ки бино тибқи талаботи замони муосир сохта шуда, ҳоло дар ошёнаи чоруми он корҳои бетонрезӣ идома доранд. Ба бунёди бино 15 сохтмончии маҳаллӣ ҷалб гардидааст.

Алҳол дар маркази ноҳияи Восеъ сохтмони якчанд бинои баландошёнаи истиқоматии дигар низ оғоз гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ бунёди 408 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Соли 2023 дар 101 иншооти таъйиноти гуногун корҳои сохтмонӣ ба анҷом расиданд.

АКС: АМИТ  «Ховар»

Февраль 27, 2024 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави Қасри фарҳанги ба номи Кароматулло Қурбоновро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд