6 МЕДАЛ. Кори олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон сазовори баҳои баланд гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 феврали соли 2024 дар шаҳри Ал-Кувайти давлати Кувайт Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорони ҷаҳон баргузор гардид. Дар он дар байни 65 кишвари ҷаҳон 10 олиму профессор ва ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, соҳиби 6 медал гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 нафар, аз ҷумла доктори илмҳои химия, профессорон Мубашширхон Раҳимова, Сироҷиддин Раҷабзода ва номзади илмҳои химия, дотсентон Мавлуда Давлатмамадова, Ҷаҳонгул Давлатшоева, Назира Бекназарова ва Муқаддас Қурбонова корҳои ихтирооташонро пешниҳод намуданд
Баъд аз натиҷагирии ҳайати баландпояи ҳакамон, ки аз муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии ҷаҳонӣ созмон ёфта буд, маросими расмии ҷоизасупорӣ баргузор гардид. Дар маросим вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт, доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ иштирок намуданд.
Дар байни 145 иштирокчӣ аз 65 давлати ҷаҳон олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 2 медали тилло, 1 Ҷоизаи WOIS (Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ), 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Ихтирооти пешниҳодшуда бештар ба самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бахшида шуда буд. Ҳайати ҳакамон ба ихтирооти олимони тоҷик баҳои баланд дода, ба он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Дар назар аст, ки дар наздиктарин рӯзҳо грантҳои илмӣ байни олимони тоҷик ва олимони давлати Кувайт амалӣ гарданд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад






