Ҳайати энергетикҳои Қирғизистон бо иншооти азим- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

Февраль 17, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал ҳайати энергетикҳои Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика Таалайбек Ибраев дар доираи сафари омўзишӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти сохтмони иншооти азми аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» хабар доданд.

Ҳайати мазкур аз роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳои энергетикии Ҷумҳурии Қирғизистон иборат мебошад.

Ҳайати меҳмононро дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роҳбарону мутахассисони масъул бо лоиҳаи беназири неругоҳ тавассути видеофилми ҳуҷҷатӣ муаррифӣ намуданд.

Энергетикҳои Қирғизистон бо ҷараёни сохтмон ва кору фаъолияти сохтмончиёни  тоҷик дар ин ишооти азими аср  аз наздик шинос шуданд. Онҳо бо иншооти асосии неругоҳ,  аз қабили нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4) ва мавзеи Сарбанди хокию сангии баландтарин дар ҷаҳон, ки бо қомати 335 метр аз сатҳи баҳр бунёд хоҳад шуд, шинос гардиданд.


Меҳмонон ҳамчунин бо бунёди обқабулкунаки асосии неругоҳ, ки дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр амалӣ мешавад, нақбҳои обрасону ҳавокаш, иншооти толори мошинҳову бинои тарнсформаторҳо, нақбҳои нақлиётиву дастрасӣ, намои соҳилҳову обанбори тозабунёд, тирози Ядрои Сарбанд ва тароши куҳҳои паҳлӯӣ шинос шуданд.

Ҳайати Қирғизистон дар фарҷом ба китоби «Роғун — Кохи Нур» таассуроти худро дарҷ намуданд.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Февраль 17, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои баргузории Форуми B5+1 дар Душанбе баррасӣ шуданд
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ оид ба мубориза бо биёбоншавӣ пешниҳод намуд, ки соли 2027 миссияи техникӣ ташкил карда шавад
Бо сабаби фаъолият накардани корхонаи «Хишти Тоҷикобод» сокинон ин масолеҳи сохтмониро аз Душанбе ва Ваҳдат бо роҳкирои гарон ворид менамоянд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ кору хизматрасонӣ анҷом дода шуд
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо иқдомҳои мушаххасро тақвият мебахшад
Душанбе мизбони конференсияи миллӣ ва Намоишгоҳи технологияҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ мегардад
Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Раванди татбиқи низоми электронии сертификатсияи фитосанитарӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳамкории Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ва Додгоҳи ҳисоби Туркия густариш меёбад
«ПАРДОХТИ ЯГОНАИ КОММУНАЛӢ». Низоми нав пардохтро барои сокинон осонтар, равшантар ва шаффофтар мегардонад