Бахшида ба 31-солагии Артиши миллӣ байни муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ бозиҳои варзишӣ-ҳарбӣ доир шуданд
ХОРУҒ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бошгоҳи техникию варзишии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ва Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳр бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни муассисаҳои таълимии шаҳраки Шоҳтемуриён мусобиқаи ҳарбию варзишӣ гузаронид. Ин мусобиқа дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами ҳашти шаҳри Хоруғ доир гардида, дар он ҳафт даста иштирок намуд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, муовини сардори Бошгоҳи варзишию техникии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алимамад Мирзоқандов дар ифтитоҳи мусобиқа варзишгарони наврас ва омӯзгорони фанни дифои ҳарбиро ба муносибати солгарди таъсиси Артиши миллӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки мақсади баргузории мусобиқа тарғиб намудани варзиши ҳарбӣ байни хонандагон, такмил додани маҳорату малакаи варзишӣ, дарёфти беҳтарин варзишгарони наврас ва ба мусобиқаи ҷумҳуриявӣ омода намудани онҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон ишора намуда, таъкид доштанд, ки «бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад».
Бозиҳои варзишию ҳарбӣ бо истифодаи дуруст ва зуд ба сар кашидани ниқоби газӣ оғоз ёфтанд. Яке аз дигар бозиҳои ҳарбӣ- варзишӣ- ин тирпаронӣ аз силоҳи пневматикӣ мебошад, ки дар он дар баробари писарон ҳамчунин духтарони муассисаҳои таълимии шаҳраки Шоҳтемуриён фаъолона иштирок намуданд. Бо саъю талоши кормандони Бошгоҳи варзишию техникии вилоят дар чанд соли охир ин намуди варзиш байни наврасон алоқамандони зиёд пайдо намуда, иддае аз наврасон аз силоҳи пневматикӣ хеле моҳирона истифода мебаранд. Натиҷаи сабқат нишон дод, ки наврасон ба ин намуди варзиш бо кумаки омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида, аксарият тирҳоро ба ҳадаф мерасонданд.
Дар намуди ҷудо ва бо ҳам васл намудани силоҳи худкори Калашников низ наврасон маҳорату малакаи хуб нишон доданд. Аксарияти иштирокдорони мусобиқа муваффақ ба он шуданд, ки бе иштибоҳ ва бо суръати баланд силоҳро ҷудо ва боз бо ҳам васл намоянд.
Баъди таҳлилу баррасӣ ҳайати ҳакамон ғолибонро муайян намуда, бо ифтихорномаи Бошгоҳи варзишию техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилоят сарфароз гардониданд.
Мусобиқа 22 феврал дар толори варзишии Муассисаи таълимии рақами панҷуми шаҳр баргузор мешавад ва ғолибон бо ифтихорномаву мукофоти пулӣ сарфароз мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






