Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Дар ҷамъомад мавқеъ ва нақши забони модарӣ-тоҷикӣ дар пойдории давлатдории миллӣ муҳим ва аввалиндараҷа ҳисобида шуд.
Гуфта шуд, ки забони тоҷикӣ дар байни забонҳои ҷаҳон яке аз бойтарин, ғанитарин, ширинтарину гуворотарин забон ба шумор меравад.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба забони «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва пойдор нигоҳ доштани забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Бояд гуфт, ки мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон шудааст.
Ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо буда, ҳамзамон ба таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама барои наздикшавию ҳамкории мутақобилаи миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






