Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Февраль 28, 2024 13:54

ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи идоракунии давлатӣ хабар медиҳад, Барномаи ҳамкорӣ зимни мулоқоти ректори Академияи идоракунии давлатӣ Даврон Сафарзода ва роҳбари Намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон Пиэр Эммануэл Дукруе ба имзо расонида шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот омодагиашонро барои густариши ҳамкории бисёрҷониба бо мақсади татбиқи лоиҳаҳои гуногуни таҳқиқотӣ, пешбурди фаъолияти муштарак, ҷорӣ намудани машғулияти кӯтоҳмуддати ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона барои хизматчиёни давлатӣ, нашри китобҳои дарсӣ, такмили донишҳои ҳуқуқии башардӯстона ва ҳавасмандии минбаъдаи муштарак изҳор намуданд.

Дар интиҳо ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом дода, Пиэр Эммануэл Дукруе бо утоқҳои корию таълимӣ, дастовардҳои илмӣ, раванди таълим, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳаҳои татбиқшаванда, сохтор ва фаъолияти академия шинос шуд.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2024 13:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст