Бо мақсади рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат дар Тоҷикистон 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди низоми қонунгузории соҳаи меҳнат ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию ташкилӣ соли 2023 дар Тоҷикистон 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид.
Тавре Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 13 феврал дар ҷамъи хабарнигорон дар Душанбе гуфт, аз 19 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳияшуда 9 лоиҳа ба тасвиб расида, 3 лоиҳа дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 7 лоиҳа дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқаррар намудани квотаи алоҳидаи махсус барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Дар бораи Стратегияи танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», «Дар бораи аъзои ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати тайёр намудани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ», «Дар бораи Барномаи миёнамуҳлати рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027», «Дар бораи Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026», «Дар бораи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашонидани онҳо иҷозат дода мешавад» аз ҳамин қабил мебошанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






