БОКС. Дар Душанбе «Шоми чемпионҳои IBA» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии Душанбе таҳти унвони «Шоми чемпионҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA)» мусобиқаи бокси касбӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рақобати асосӣ байни намояндаи Русия Шарофутдин Атаев бо Алфонсо Домингес аз Озарбойҷон барои камарбанди Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) дар вазни -86 кг доир мегардад. Дар ин рақобат ба ғолиб 350 ҳазор доллар ва ба мағлуб 150 ҳазор доллар мукофотпулӣ тақдим мешавад.
Муҳорибаҳои дигари шоми бокс байни муштзани тоҷик Шавкатҷон Раҳимов бо Эдуардо Нунеси мексикоӣ барои дарёфти унвони чемпионӣ аз рӯи версияи Федератсияи байналмилалии бокс (IBF) дар вазни 58,9 кг ва байни муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов ва Лал Чу-Эн аз Тайван дар вазни 63,5 кг барои дарёфти унвони чемпиони Осиё доир мегарданд.
15 феврал дар Душанбе маросими вазнкашӣ ва рӯбарӯшавии боксёрон бо ҳарифонашон баргузор гардид. Дар ин маросим боксёри машҳур Рой Ҷонс иштирок намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»











Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд






