«Cash Out»: чӣ гуна метавон аз корти бонкӣ пули нақдро ба таври мувофиқ гирифт

Февраль 8, 2024 15:15

 ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пули нақд дар ҳолатҳои гуногун зарур меояд — масалан, дар бозоре, ки терминалҳои пардохтӣ вуҷуд надоранд. Агар банкоматҳо дар масофаи дур ҷойгир бошанд ё нақдина тамом шуда бошад, чӣ тавр шумо метавонед пулро аз кортатон гиред? Роҳи мувофиқ- ин рафтан ба наздиктарин толори алоқа мебошад! Хизматрасонии «Cash Out», ки барои бозори телекоммуникатсионӣ беназир аст, аз ҷониби МегаФон Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Ҳамаи дорандагони кортҳои «Корти миллӣ» метавонанд аз он истифода баранд.

Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» яке аз бузургтарин шабакаҳои фурӯшро дар ҷумҳурӣ доро мебошад. Толорҳои алоқаи он маҳз дар маконҳое ҷойгир шудаанд, ки ба шумо пули нақд лозим аст: дар наздикии бозорҳо, мағозаҳои бузург, марказҳои савдо ё биноҳои ташкилоте, ки пардохтро барои хизматрасонии коммуналӣ қабул менамоянд. Дар шаҳрҳо ва ҷамоатҳо пайдо намудани толори наздиктарини оператор назар ба ҷустуҷӯи банкомат осонтар аст.

Барои гирифтани пули нақд чӣ бояд кард? Ба корманди толори алоқа корти бонкии «Корти миллӣ» ва шиносномаатонро барои мушаххаскунӣ пешниҳод намоед. Вақте ки мушаххаскунӣ хеле зуд муваффақона анҷом меёбад, мизоҷ PIN-коди корташро дар POS терминал ворид менамояд. Пас аз он маблағ аз корт хориҷ мешавад ва корманди толори алоқа дар баробари расид маблағи мувофиқро дар шакли нақд медиҳад. Ин амал тавассути POS-терминалҳои Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Ҳумо», ки дар ҳамкорӣ бо МегаФон Тоҷикистон хизматрасонии муфиди «Cash Out»-ро пешкаш менамоянд, амалӣ мешавад.

Шумо метавонед дар як рӯз аз кортатон дар як толори алоқа то 10 000 сомонӣ маблағ ба даст оред. Маблағи бештар лозим аст? Барои ин ба толори дигари оператор рафтан кифоя аст. Ҳатто дар шаҳракҳои хурди аҳолинишин МегаФон Тоҷикистон аксар вақт якчанд нуқта мекушояд, дар шаҳрҳо имконияти муштариён боз ҳам бештар аст.

Шабакаи фурӯши оператор хизматрасонии зиёдеро доро аст, ки на танҳо ба муштариёни ширкат дастрас ҳастанд. «Cash Out» аз ҷумлаи онҳо аст: мизоҷи толори алоқа, новобаста аз он ки кадом бонк корти пластикии ӯро додааст ва аз кадом оператор истифода менамояд, метавонад пул бигирад. Агар ба шумо пули нақд зарур бошад — имконияти иловагии гирифтани онро дар ҷои мувофиқ ва бе навбат дар хотир доред!

Рӯйхати пурраи марказҳои ширкатро, ки дар онҳо хизматрасонии «Cash Out» пешниҳод мешаванд, метавонед аз линки https://pulhast.tj/ дастрас намоед.

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

 

Февраль 8, 2024 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад