Дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ маҷмуаи махсус нашр шуд

Февраль 9, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ маҷмуаи махсус бо номи «Пойдорӣ ва устувории робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ»-ро нашр намуд. Чунин иттилоъ дода шуд дар ҷаласаи ҷамъбастии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ҷамъият.

Гуфта шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ тарғиби сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолият дар доираи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва дипломатияи мардумӣ мебошад.

Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ соли 2023 дар самти иҷрои вазифаҳои оинномавӣ, кори ҷамъиятҳои дӯстии дар доираи он фаъолияткунанда, қавитар намудани иртибот бо иттиҳодияҳо ва марказҳои миллию фарҳангии ақаллияти миллии мамлакат, густариши ҳамкорӣ бо корпуси дипломатӣ ва ташкилоти байналмилалии муқими Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун анҷом дод.

Иброз шуд, ки Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ якҷоя бо бисту чор Ҷамъияти дӯстии амалкунанда ва доираи васеи фаъолон чорабиниҳои асосии соли 2023 ба нақша гирифтаро иҷро намуда, дар ривоҷи дӯстиву ҳамкорӣ бо давлатҳо ва пешбурди сиёсати дохиливу хориҷии давлат саҳм гузошт.

АКС: Раёсати Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ

Февраль 9, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст