Дар Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд беш аз 600 бех ниҳоли ҳамешасабз, нодир ва мевадиҳанда шинонида шуд

Февраль 26, 2024 16:06

СУҒД, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Боғи ботаникии шаҳри  Хуҷанд 614 бех ниҳоли  ҳамешасабз, нодир ва мевадиҳанда шинонида шуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, кормандони касбу кори гуногун  иштирок намуда, ниҳолҳои сарви ҳамешасабз, санавбар, нахл, ардач, сарвинози шоҳӣ, сарвинози ғарбӣ, ақоқиёи шоҳӣ, анор, сиркодарахт, бирючинаи ҷилодор ва ниҳолҳои нодир, аз қабили секвоиадендрони азим, гинкго билоба, меваи юв, кедри ҳимолоӣ, коҷи кабуд, коҷи тяншонӣ ва ғайра шинониданд.

Ҳашарчиён ҳамчунин бехи ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабзро нарм карда, корҳои тозакуниву ободонӣ анҷом доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии Боғи ботаникии шаҳри Хуҷанд беш аз 14 гектарро ташкил дода, мақсади ҳашар дар он парвариш ва гирд овардани набототи минтақа, растаниҳои нодиру ороишӣ, мевадиҳандаю сояафкан, ба иқлим мутобиқгардонии растаниҳои нави фоидаовар, дар шароити сунъӣ нигоҳ доштани растаниҳои камёфт ва намудҳои нобудшаванда, аз ҷумла дигар обектҳои ботаникие, ки хусусияти муҳими илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мебошад.

Ҳудуди Боғи ботаникӣ ба қитъаҳои флористикии набоботи Баҳри Миёназамин, Аврупо ва Сибири Ҷанубӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Америкаи Шимолӣ тақсим шуда, инчунин аз ниҳолхона, парваришгоҳи ниҳолҳо, минтақаи растаниҳои шифобахш, қитъаи парвариши навъҳои садбаргу савсан ва гармхона иборат мебошад.

Мувофиқи омори соли 2021, дар ҳудуди Боғи ботаникии Хуҷанд 160 намуд дарахтону буттаҳои гуногун ба миқдори умумии 3 ҳазору 181 бех мавҷуд мебошанд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Хуҷанд

Февраль 26, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад