Дар Боку ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика ва кашфи майдонҳои захираи нафту газ баррасӣ шуд

Февраль 10, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо вазири энергетикаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Парвиз Шахбозов баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо сатҳи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории  дуҷонибаро байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахшҳои энергетика, бахусус ҷалби сармояи ширкатҳои озарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаи энергетика, аз қабили бунёди неругоҳҳои нави барқию обӣ ва офтобӣ баррасӣ намуданд.

Инчунин ҷонибҳо рохҳои интиқол ва коркарди нафти хом дар Тоҷикистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои бонуфузи озарӣ дар кашфи майдонҳои захираи нафту газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 10, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна