Дар доираи сайри матбуотӣ намояндагони расонаҳои хабарӣ бо фаъолияти «Телевизиони Сафина» шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сайри матбуотӣ ба бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон бо фаъолияти телевизиони «Сафина», ҷараёни таҳияи барномаҳои сиёсию иқтисодӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва фарҳангию фароғатӣ ва шароиту имконоти кории он шинос гардиданд.
Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Носир Саидов ба намояндагони расонаҳои хабарӣ доир ба фаъолияти телевизони «Сафина», шароиту имконияти бинои нави хуштарҳу замонавии муассиса, таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ ва дурнамои фаъолияти телевизиони «Сафина» маълумот дод.
Гуфта шуд, ки бинои нави Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз ҷониби ширкати ватании «ТГЭМ» бунёд гардида, аз 5 ошёна бо таҳхона, инчунин 2 бинои алоҳидаи дигари ба ҳам пайваст ва таваққуфгоҳ иборат мебошад. Бинои нав дорои 63 ҳуҷраи корӣ буда, дар онҳо барои фаъолияти рӯзноманигорон, муҳаррирон, танзимгарон ва ҳайати техникӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳҳои зарурӣ муҷаҳҳаз буда, бахши банду баст ва танзими барномаҳои муассиса бо компютерҳои пуриқтидор таъмин гардидааст.
Дар бинои нави телевизиони «Сафина» 8 студияи муҷаҳҳазу барҳаво барои сабти барномаҳои гуногуни телевизионӣ, ташкили мусоҳиба, пахшҳои мустақим, студияҳои алоҳида барои барномаҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ ва барномаи «Субҳ ба хайр, Тоҷикистон» ташкил гардидааст. Ороиши саҳна бо диди тоза ва мутобиқ ба барномаҳо анҷом дода шудааст. Барои пахши мустақими барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Навид», ки ҳамарӯза 6 нашр бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш мешавад, имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки студияҳо бо таҷҳизоти нави муосири наворбардорӣ, дастгоҳҳои марказии идоракунии ҷараёни сабти навор ва овоз, ки истеҳсоли давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон мебошанд, муҷаҳҳаз шудаанд.


Ҳамчунин дар саҳни ҳавлии бино барои сабти мавсимии барномаҳо майдони махсус бунёд шудааст.
Носир Саидов иттилоъ дод, ки афзалияти дигари бинои нав дар он аст, ки дар ин ҷо студияи алоҳидаи виртуалӣ бунёд ва бо дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз шудааст. Камераҳои ин студия ба таври фосилавӣ идора гардида, технологияи нав имконият медиҳад, ки мувофиқи талаботи барнома дар реҷаи воқеии вақт саҳнаву ороиши он иваз гардад. Дастгоҳҳои студияи виртуалӣ аз ширкатҳои маъруфи амрикоӣ харидориву насб гардидаанд, ки ба таҳияи барномаҳои ҷолиб мусоидат менамоянд. Инчунин барои сабти барномаҳои консертӣ ва муаррифии ҳунару истеъдоди санъаткорон студияи алоҳида бо дастгоҳҳои муосири сабт, равшанидиҳӣ ва саҳнаҳои хуштарҳ муҷаҳҳаз гардидааст.
Тавре муовини директори телевизиони «Сафина» Зебуниссо Азизова иттилоъ дод, китобхонаи муассиса бо махзани бойи китоб ташкил гардида, дар он ҳудуди 2500 китобу адабиёти гуногуни бадеиву соҳавӣ ҷамъ оварда шудааст. Толори маҷлисӣ бо 100 ҷойи нишаст ва ошхона таъмин буда, ҳуҷраи алоҳидаи наттоқон ва ҳуҷраи пардозгарӣ ташкил гардидааст. Инчунин толори варзишӣ бо дастгоҳҳои муосири машқу тамрин ташкил гардидааст, ки дар вақтҳои холигӣ кормандон имкон доранд аз ин толор истифода намоянд.
«Ҳадаф ва рисолати ҳайати кормандони эҷодӣ ва техникии телевизиони «Сафина»- таҳияи барномаҳои ҷолибу диданӣ, омодакунии кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, пешниҳоди хабару гузоришҳои саривақтӣ ва сабти мусоҳибаву гузоришҳо дар мавзуъҳои рӯз мебошад. Рӯзноманигорон бояд аз шароиту имконияте, ки бо шарофати ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳайати кормандони телевизиони «Сафина» фароҳам оварда шудааст, самаранок истифода намуда, барои таблиғу муаррифии фарҳангу санъати асили миллӣ ва баланд бардоштани завқу салиқаи тамошобинон ҳамаҷониба саъю кӯшиш намоянд»,- иброз намуд дар анҷом Носир Саидов.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»













35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






