Дар Душанбе масоили таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот баррасӣ шуд

Февраль 22, 2024 12:00

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои рушду таҳкими ҳамкорӣ дар самти таъсиси марказҳои логистикӣ, платформаи рақамӣ ва мактаби содирот ҷиҳати баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд, дар вохўрӣ оид ба самтҳои асосии ҳадафу вазифаҳои агентӣ, ки аз таъсис додани марказҳои яклухту тақсимотӣ, платформаи рақамӣ ва бунёди марказҳои логистикӣ иборат мебошад, ибрози назар шуд.

Гуфта шуд, ки ташаббуси лоиҳаи Бонки Осиёии рушд ҷиҳати ҷудо намудани маблағҳои грантӣ дар самти дастгирии занони соҳибкор, ки ба фаъолияти истеҳсолию хизматрасонӣ равона шудааст, инчунин мусоидат ба амалӣ намудани хизматрасонии Агентии содирот дар самти дастгирии содироткунандагон ва ташаккул ва рушди мактаби содирот қобили ҷонибдорӣ мебошад.

Намояндагони Бонки Осиёии рушд иброз доштанд, ки бо Агентии содирот дар доираи лоиҳаи «Дастгирии бахшҳои молиявӣ ва бахши хусусии Тоҷикистон дар қисми «Барномаи дастгирии молиявии субсидиявӣ барои соҳибкорони фаъолияташон ба иқлим мувофиқ»», «Барномаи ҳуҷҷатгузории содирот ва мутобиқат» ва «Барномаи ташаккул ва рушди содироткунандагон» фаъолият  намуда, оид ба таъсиси махзани ягона, платформаи рақамӣ, рушди мактаби содирот ва таъсис додани марказҳои логистикӣ омодаи ҳамкорӣ мебошанд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 22, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст