Дар Индонезия барои интихоботи президентӣ ва парлумонӣ қитъаҳои овоздиҳӣ кушода шуданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шарқи Индонезия барои интихоботи президентӣ ва парлумонӣ аввалин қитъаҳои овоздиҳӣ кушода шуданд. Дар ин чаҳорумин давлати сераҳолитарини ҷаҳон беш аз 204 миллион шаҳрванд ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад.
Барои мақоми президентӣ се номзад: Прабово Субианто, Ганджар Праново ва Басведан Анис рақобат менамоянд. Ғайр аз ин, индонезиягиҳо аъзои парлумони дупалатаи Конгресси машваратии халқиро интихоб менамоянд. Номзадҳо ба вакилӣ барои 152 ҷой дар Шурои намояндагони минтақавӣ (палатаи болоӣ) ва 580 ҷой дар Шурои намояндагони халқ (палатаи поёнӣ) мубориза мебаранд.
Барои пирӯзӣ дар даври аввал номзад ба мақоми президентӣ бояд дар саросари кишвар беш аз 50 дарсади овозҳо ва дар беш аз нисфи вилоятҳои кишвар на камтар аз 20 дарсади овозҳоро ба даст оварад.
Дар ҳолати ноком гардидани ҳамаи номзадҳо 26 июн даври дуюм баргузор мешавад. Президенти интихобшуда ва ноиби президент моҳи октябр ба вазифа шуруъ менамоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






