Дар Исландия оташфишонии вулқон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар нимҷазираи Рейкянес дар Исландия оташфишонии вулқон ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти обуҳавошиносии мамлакат. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.
«8 феврал, соати 05:30 дар самти шимолу шарқӣ аз тарафи кӯҳи Силингарфелл фаъолияти шадиди ларзишӣ оғоз шуд. Тақрибан 30 дақиқа пас дар ин мавзеъ оташфишонии вулқон шуруъ гардид», — омадааст дар изҳороти хадамот.
Аз аксҳое, ки аз ҷониби дастаи нигаҳбони соҳил гирифта шудаанд, дида мешавад, ки оташфишонӣ дар ҳамон маконе ба назар мерасад, ки 18 декабри соли 2023 низ ба амал омада буд. Тарқише, ки дар натиҷаи оташфишонӣ ба амал омадааст, се километр аз кӯҳи Сунднукур тамдид шудааст, менависад хадамоти обуҳавошиносӣ.
Ба Исландия фаъолнокии назарраси вулқонӣ хос аст, зеро дар он якчанд низоми вулқонии кӯҳӣ ҷойгир мебошад. Соли 2010 оташфишонии вулқони Эйяфядлайёкюдл боиси мушкилиҳои парвози ҳавоӣ дар аксар қисмати Аврупои Ғарбӣ гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






