Дар Китобхонаи ба номи Анатолий Димарови Киев бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айни гӯшаи махсус таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода дар Китобхонаи хониши оилавии ба номи Анатолий Димарови шаҳри Киев бо гӯшаи махсус бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айни шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина хабар медиҳад.
Зимни шиносоӣ вохӯрии Сафир бо Директори китобхона Светлана Батюк доир гардид. Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба ҳолати кунунии ҳамкории гуманитарии Тоҷикистон ва Украина ибрози андеша намуда, ба ҳаёту эҷодиёти сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ диққати махсус доданд.
Бояд гуфт, ки дар китобхона бахшида ба ҳаёту эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ гӯшаи махсус таъсис дода шуда, дар он аксари асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун ҷамъоварӣ гардидаанд. Нимпайкараи Садриддин Айнӣ ва гилемчаи дастбофте бо акси ӯ гӯшаро зеб медиҳанд.
Таъкид гардид, ки Сафорати Тоҷикистон дар Украина барои таъмини гӯшаи Садриддин Айнӣ бо китобҳо ва маводи иловагии зарурӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад ва инчунин ҷамъомадҳои муштараки фарҳангӣ баргузор менамояд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина









Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






