Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус барномаи фарҳангӣ баргузор гардид

Февраль 13, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси  шуъбаи адабиёти кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Ҳафтаи забон ва адабиёти рус дар ҳошияи Рӯзи ҳадяи китоб барномаи фарҳангӣ баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар барнома хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» намоиши  театрӣ манзур намуданд. Хонандагон аз рӯйи маҷмуаи ҳикояҳои Валентина Осеева «Волшебная слова» саҳнача нишон дода, шеърҳо қироат карданд. Инчунин хонандагони наврас бо ҳунару баромади шавқовар баҳри болидасозии хотири  меҳмонон рақси «Морячка»-ро пешкаш намуданд.

Дар ҷамъбасти барнома аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба хонандагони Гимназияи хусусии «Сайёраи наврасон» туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории ин барномаҳо он аст, ки насли наврас имрӯз ба омӯхтани забонҳо ва шинохтани шоиру нависандагони дигар мамлакатҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 13, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид