Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон 44 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамояд

Февраль 18, 2024 15:25

ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов 44 шаҳрванди хориҷӣ аз Узбекистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил менамоянд. Дар ин хусус 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ дар Консерватория 377 донишҷӯ аз рӯйи 13 ихтисос бо низоми кредитӣ таҳсил менамоянд.

Миралӣ Достизода изҳор дошт, ки бахши тарбия ва эҷоди Консерватория самти асосии фаъолияти муассиса ба ҳисоб рафта, дар ин давра зиёда аз 60 барномаи фарҳангиву тарбиявӣ баргузор шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз Консерватория шумораи зиёди донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавони боистеъдод дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азиз ман» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоян гардиданд. Аз 25 иштирокчӣ дар даври ниҳоӣ 1 нафар соҳиби Шоҳҷоиза, 12 нафар ғолиби озмун ва 12 нафар соҳиби диплом гардиданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2024 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад