Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бинои сеошёна ва озмоишгоҳи ташхиси замин бунёд мегардад
ХОРУҒ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба сардии ҳаво дар бино барои муҳандисон-мушовирон ва озмоишгоҳи ташхиси замин ва масолеҳи сохтмонӣ дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ корҳои сохтумонӣ идома доранд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Дар доираи амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- бунёди шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма бунёди биноҳои ёрирасон давом дорад. Яке аз онҳо бино барои муҳандисону-мушовирон ва озмоишгоҳи ташхиси замин дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ ба ҳисоб меравад. Бинои асосӣ аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, имрӯзҳо бо истифода аз технологияи муосир хиштчинӣ дар ошёнаи сеюми он идома дорад. Бинокорон ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти бештар равона месозанд, то бино давоми даҳсолаҳо бе ягон таъмир ба соҳибонаш хизмат расонад. Ҳоло дар бунёди бино зиёда аз 15 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилоят кор намуда, бо фаро расидани рӯзҳои гарм шумораашон зиёдтар мешавад.
Роҳбарияти ширкати чинии «Чайна Роад Корпорейшн» изҳор доштанд, ки масолеҳи сохтмонӣ аз шаҳри Душанбе ба маҳали сохтмон сари вақт интиқол дода мешавад. Ин имконият медиҳад, ки суръати корҳои сохтмонӣ лаҳзае ҳам паст нагардида, то моҳи март хиштчинӣ пурра ба анҷом расад ва коргарон ба андова, васлу насби таҷҳизоти барқӣ ва сантехникӣ оғоз намоянд.
Дар канори ин бино озмоишгоҳи ташхиси замин ва масолеҳи сохтмонӣ бунёд мегардад. Ин бино аз як ошёна иборат буда, то моҳи майи соли 2024 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Озмоишгоҳ пурра дар ихтиёри мутахассисони Идораи «Бадахшонроҳсоз» гузошта шуда, онҳо минбаъд ташхиси замин ва масолеҳи бинокориро барои сохтмони роҳи байналмилалии Душанбе-Кӯлоб, Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма бар дӯш мегиранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






