Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд

Февраль 21, 2024 17:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини зиндагии орому осуда, сулҳу ваҳдати комил, амнияти миллӣ, якпорчагӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлоламон нақши назаррас мегузоранд. Чунин изҳор намуд Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ имрӯз зимни ҳамоише, ки дар қисми ҳарбии Сарраёсати ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд, ҳамоиши идона  ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд. Дар ҳамоиш  таъкид шуд, ки сарбозон ҳамеша ба ҳифзи сарзамини аҷдодӣ  ва дифоъ аз манфиатҳои давлату миллат омода буда, Ватанро ҳамчун модар дӯст медоранд ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Дар охир ба роҳбарияти қисми ҳарбӣ Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ супорида шуд.

Бо мақсади болидахотирии сарбозону афсарон инчунин мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобонӣ ва вазнкашӣ доир шуда, ғолибон соҳиби туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Февраль 21, 2024 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд