Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст

Февраль 6, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Озарбойҷон, ки  пагоҳ, 7 феврал интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ баргузор мегардад, рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст. Дар ин рӯз тарғиб,  гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳо ва вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон манъ аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии ТАСС хабар медиҳад.

Рӯзи душанбе акси ҳафт нафар номзадҳоро  ба мансаби  президентӣ  дар  сутунпояҳои махсуси   хиёбонҳо дидан мумкин буд, аммо рӯзи сешанбе то соатии 08:00 ба вақти маҳаллӣ — расо 24 соат пеш аз оғози овоздиҳӣ онҳо  бардошта шуданд. Танҳо овезаҳое боқӣ монданд, ки  аз наздик шудани рўзи интихобот дарак дода,  сокинонро ба  иҷрои вазифаи  шаҳрвандӣ, яъне иштироки фаъолона дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ даъват менамоянд. Дар баъзеи онҳо шаҳрвандон метавонанд дар бораи чӣ гуна пайдо кардани участкаи интихоботӣ ё дуруст пур кардани бюллетен  маълумот пайдо кунанд.

            Рӯзи интихобот дар Озарбойҷон рӯзи истироҳат эълон шуда, 6 феврал рӯзи корӣ маҳсуб мешавад. Ҳатто дар мактабҳое, ки дар онҳо қитъаҳои интихоботӣ кушода шудаанд, ҳоло дарсҳо идома доранд. Бо вуҷуди ин тамоми шароит барои оғози овоздиҳӣ фароҳам оварда шудааст: кабинаҳо ва қуттиҳои шаффофи интихобот насб гардида, варақаҳои овоздиҳӣ дар сандуқҳои муҳрзада ҷойгир кунонида шудаанд.

Президенти Озарбойҷон ба муҳлати 7 сол интихоб мешавад. Маҳдудият дар муҳлат дар назар дошта нашудааст. Интихоботи президентии қаблӣ дар Озарбойҷон 11 апрели соли 2018 баргузор гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд