Дар Пекин машваратҳои байниидоравӣ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе доир шуданд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон машваратҳои навбатии байниидоравӣ оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ҳамчун мақоми алоҳидаи доимамалкунанда баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин иттилоъ медиҳад.
Дар чорабинӣ коршиносони вазорату идораҳои дахлдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва намояндагони Котибот иштирок карданд. Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқот Протокол ба имзо расид.
«Дар ҳошия»-и машваратҳо мулоқоти алоҳидаи иҷрокунандаи вазифаи Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нуран Ниязалиев бо муовини Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шомуддин Шарипов баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамсуҳбатон оид ба масъалаҳои мубрами фаъолияти кунунии Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар саммити сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар Бишкек баргузор гардид, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай сохтори алоҳидаи мубориза бо маводи мухаддир таъсис дода шавад.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






