Дар Сеул «Харитаи роҳ»-и амалишавии Низоми иҷозати шуғл барои Тоҷикистон баррасӣ гардид

Февраль 22, 2024 17:40

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврал дар Сеул вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо директори кулли Раёсати ҳамкории байналмилалӣ Ким Ун Чюл ва директори Раёсати қувваи кории хориҷии Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея Оҳ Ки Ҳван баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо «Харитаи роҳ»-и амалишавии Низоми иҷозати шуғлро (EPS) барои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 29 декабри соли 2023 дар ҷаласаи Кумитаи сиёсати хориҷӣ оид ба меҳнати Ҷумҳурии Корея Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор (EPS) дар Корея ҳамчун давлати 17 интихоб шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Февраль 22, 2024 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои дохилии Урдун мулоқот намуд
Дар Париж ба бузургдошти Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём чорабиниҳои илмию фарҳангӣ доир мегарданд
Дар Теҳрон масъалаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардид
Дилрабо Мансурӣ дар Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Аҳмадии Кувайт вохӯрӣ намуд
Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаи Сибир мулоқот намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид