Дар шаҳри Норак даври шаҳрии Озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд

Февраль 15, 2024 18:41

НОРАК, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар  майдони марказии шаҳри Норак  даври шаҳрии озмуни  вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар»  баргузор гардид. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун аз рӯйи бахшҳо бо диплом ва медал қадршиносӣ шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  иттилоъ доданд.

Дар озмун 18 гурӯҳ аз муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок ва  ҳамаи шартҳои низомномаро бо навбат иҷро намуданд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ, ватандӯстӣ, тақвият додани корҳои варзишӣ ва зиракиву тобоварӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак  гузаронида шуд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии  «Ватанпарвар» ба 31-солагии Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он тақвият додани дӯстиву иттиҳод байни ҷавонон, аз худ намудани «Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ» ва омода намудани хонандагон ба дифои Ватан мебошад.

Зимни мусобиқа иброз гардид, ки баргузории чунин озмунҳо, ки моҳияти ватанпарастию ватандӯстӣ доранд, дар шароити тезутунд гардидани ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле  муҳим ва бамаврид мебошад. Чунин озмунҳо барои омода намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нақши бағоят муассир доранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак 

Февраль 15, 2024 18:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд