Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

Февраль 8, 2024 10:27

ДУШАНБЕ, 08.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи ислоҳоти милитсияи тоҷик  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Юкка Туононен вохӯрӣ  намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои ҳамкории мутақобилан судманд ва расонидани ёрии амалӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ба Юкка Туононен изҳори миннатдорӣ намуд.

Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» якчанд тадбири зарурӣ ба нақша гирифта, онҳоро амалӣ менамояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия аз ҷониби Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 мошини тамғаи «Дамас» барои нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу шикояти шаҳрвандон дар минтақаҳои дурдасти мамлакат тақдим шуд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 8, 2024 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид