Дар Вазорати молия вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷаласаи корӣ баргузор шуд

Февраль 3, 2024 13:26

ДУШАНБЕ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода вобаста ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт ҷаласаи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»,  инчунин роҳбарони дигар бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзӣ иштирок намуданд.

Аз ҷониби мутахассисони дахлдори Вазорати молия рӯнамо оид ба таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратии мамлакат дар самти рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ манзур гардида, ҳамзамон вобаста ба масъалаи баррасии роҳҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти мамлакат мутобиқ ба таҷрибаи байналмилалӣ иштирокдорон мубодилаи афкори судманд намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 3, 2024 13:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд