Дар Женева ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд

Февраль 9, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи ҳамоҳангсозони Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) таҳти роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад.

Дар ҷаласа Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан, инчунин намояндаҳои доимии давлатҳои аъзои Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодии минтақавӣ дар доираи Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA) ва рӯзномаи кори он дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои иқтисодиёти Осиёи Марказиро дар соли 2024 бар уҳда дорад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Февраль 9, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна