Даромади умумии буҷети шаҳри Бӯстон аз рӯи ҳамаи манбаъҳои андозию ғайриандозӣ беш аз 100 фоиз таъмин гардид

Февраль 8, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 нақшаи қисми даромади умумии буҷети шаҳри Бӯстон бе назардошти андози иҷтимоӣ ба андозаи 106,1 фоиз ва беш аз 142 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда зиёда аз 8,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба соли 2022 беш аз 16 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ин нуктаро Раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода зимни натиҷагирӣ аз соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2023 дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки даромади умумии буҷети шаҳр аз рӯи ҳамаи манбаъҳои андозию ғайриандозӣ аз 100,3 то 125,9 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра ба хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ- маорифу тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳангу варзиш дар маҷмуъ беш аз 46 миллион сомонӣ равона гардид, ки баробари 71,8 фоизи ҷамъи хароҷоти буҷети шаҳр мебошад.

Дар шаҳр 54 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, дар онҳо зиёда аз 50 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. Соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти хизматрасонии барқу об ба маблағи 673,6 миллион сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои амалкунанда 59,1 миллион сомонӣ зиёд аст.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди шаҳр ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори шаҳр соли 2023 рангу бор намудани уфуқҳои роҳ ба масофаи 48 км анҷом ёфта, 1010 метри мураббаъ хати пиёдагард кашида шуда, 27 км канораҳои роҳ рангубор гардид, 160 метр канораҳои роҳи нав насб шуда, 25 аломати роҳи кӯчаҳои ҳудуди шаҳр таъмир шуд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки маблағгузории соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр соли 2023 15,4 млн сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба андозаи 23,6 фоиз зиёд буда, хароҷоти соҳа дар хароҷоти умумии буҷети шаҳр 23,2 фоизро ташкил медиҳад.

Байни Раиси шаҳри Бӯстон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба корҳои ободониву созандагӣ, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, қабули шаҳрвандон, масъалаҳои барқарорсозии кӯли шаҳрӣ ва меҳмонхонаи «Хуҷанд», тадбирҳои пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва дигар масоили мубрами рӯз саволу ҷавоб доир шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

 

Февраль 8, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид