Хамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмию технологии Арабистони Саудӣ густариш меёбад

Февраль 10, 2024 10:31

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот дар робита ба ҳамкории илмии дуҷониба ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маълумоти мушаххас дод шуд. Ҷонибҳо ҳавасмандиашонро барои тавсеи ҳамкорӣ дар ин самт иброз намуданд. Таъкид шуд, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни илму таҳқиқот  ба сатҳи сифатан нав бароварда мешавад.

Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон амалӣ намудани ҳамкории судманди дуҷонибаро бо Шаҳраки Малик ибн Абдулазиз оид ба илм ва технология (Парки илмӣ-технологӣ), Донишгоҳи Шоҳ Абдуллоҳ ва Маҷмааи омӯзиши забони арабии Шоҳ Салмон бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода  барои ҳамкории мутақобилан манфиатбахш дар ин самт  изҳори омодагӣ намуд.

Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории илмии дуҷониба бо назардошти имконияти васеи ҳамкорӣ қаноатбахш нест. Аз ин рӯ он зарурати тавсеа ва тақвияти бештарро  талаб менамояд. Изҳор  гардид, ки лоиҳаи санадҳои  ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии  Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳия шудааст ва дар марҳилаи мувофиқасозӣ қарор дорад.

Қобилҷон Хушвахтзода пешниҳод намуд, ки ҳамкории олимони тоҷик бо ҳамтоёни арабӣ дар самти илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ низ инкишоф дода шавад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 10, 2024 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад