Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Корхонаи коркарди нафти Данғара бо ҷойи кор таъмин мегарданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мулоқоти ректори донишгоҳ Қудрат Давлатзода бо намояндагони ширкати «Тоҷикистон — Петролиум» – Корхонаи коркарди нафти Данғара баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон хабар доданд, ҷонибҳо вусъати ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо корхонаҳои истеҳсолиро дар самти ҳамгироии илму истиҳсолот, татбиқи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот ва таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кори доимӣ омили муҳими омодакунии кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои муҳандисӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои рушди миллӣ арзёбӣ намуда, бо таваҷҷуҳ ба ин ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва ширкати «Тоҷикистон — Петролиум» – Корхонаи коркарди нафти Данғара ба мувофиқа расиданд.
Шартномаи ҳамкорӣ бо мақсади танзими маҷмуи муносибатҳои илмию таълимӣ ва таҷрибавии ҳарду ҷониб ба имзо расида, дар доираи он минбаъд ҳамкории дуҷониба тақвият дода мешавад.
Мавзуи меҳварии мулоқот ҷалб ва таъмини хатмкунандагони Донишгоҳи техникӣ бо ҷойи кори доимӣ дар Корхонаи коркарди нафти Данғара буд. Бо назардошти ин Корхонаи коркарди нафти Данғара аз раёсати Донишгоҳи техникӣ тақозо намуд, ки ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос аз рӯйи самтҳои муҳандиси техникаи бехатарӣ, муҳандис-технолог, муҳандис-механик, муҳандиси дастгоҳ, муҳандиси барқ, техник оид ба нигаҳдорӣ ва интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ, техник дар стансияи буғӣ мусоидат намуда, дар самти ҷалби собиқ хатмкардагони ихтисосҳои номбаршудаи донишгоҳ ҳамкорӣ намоянд.
Дар ин робита минбаъд хатмкунандагони ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ барои таъмин шудан бо ҷойи кор ба Корхонаи коркарди нафти Данғара ҷалб мешаванд.
Дар мулоқот роҳбарияти Донишгоҳи техникӣ ва намояндагони ширкати «Тоҷикистон — Петролиум» – Корхонаи коркарди нафти Данғара ба мувофиқа расиданд, ки дар Корхонаи коркарди нафти Данғара филиали яке аз кафедраҳои донишгоҳ таъсис дода шуда, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи донишгоҳ дар ин ширкат гузаронида мешавад. Инчунин корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону унвонҷӯёни донишгоҳ ва мавзуъҳои рисолаи хатми бакалаврӣ ва магистрии донишҷӯёну магистрантони ихтисосҳои зарурӣ аз рӯйи самти фаъолияти Корхонаи коркарди нафти Данғара амалӣ мешавад.
Ба нақша гирифта шуд, ки аз ҷониби Парки технологии донишгоҳ дар Корхонаи коркарди нафти Данғара бо ҷалби аҳолии наздик ба корхона машғулияти омӯзишии касбӣ аз рӯйи самтҳои аппаратчии истеҳсолоти химиявӣ, лаборанти таҳлили химиявӣ, мошинисти таҷҳизоти насосию компрессорӣ, челонгар оид ба таъмири таҷҳизот, харрот, кафшергари барқию газӣ, челонгари барқии асбоби назоратӣ – ченкунӣ ва автоматика, тунукасоз ва изоляторчӣ ва монтёри барқчӣ ташкил намуда, касбу ҳунаромӯзӣ аз рӯйи ин ихтисосҳо амалӣ мешавад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






