Ихтироъкорони тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна дар Кувайт иштирок доранд

Февраль 6, 2024 12:09

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 7 феврал дар Давлати Кувайт таҳти унвони «Онҷое, ки сармоягузорон бо ихтироъкорон бо ҳам дидор менамоянд» Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии ихтироъкорӣ дар Ховари Миёна мегузарад, ки дар он ихтироъкорону олимони тоҷик низ иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳи сатҳи баланд дар қатори 33 давлати хориҷӣ 10 олиму профессор ва ихтироъкори ҷавон аз донишгоҳҳо ва мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ихтирооташонро ба маърази тамошо гузоштаанд.

5 феврал маросими ифтитоҳи расмии намоишгоҳ бо иштироки вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ, намояндагони марказҳои илмӣ-таҳқиқотии Кувайт ва аъзои корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат бо ҳузури васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кувайтӣ баргузор шуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти иштирокчиён вазири таҳсилоти олӣ ва пажуҳиши илмии Давлати Кувайт доктор Одил ал-Удвонӣ павилиони Тоҷикистонро тамошо намуда, ба навовариҳои илмии ихтироъкорони тоҷик баҳои баланд дод.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти намоишгоҳ то 7 феврал идома ёфта, дар интиҳо иштирокчиёнро ҷоизаҳо интизор мебошанд.


АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 6, 2024 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд