Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво сард шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад

Февраль 17, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 17.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои сард ва бороне, ки ба барф табдил меёбад, пешгӯӣ мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ бориши барфи шадид дар назар аст. Дар роҳҳои кӯҳӣ барфтӯдаҳо ва яхбандӣ пешгӯӣ шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, борону барф, дар баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 5-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-6 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ 1+6 ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борону барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳавои абрнок шуда, борон пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар баъзе ҳолатҳо бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 6+8 дараҷа гарм ва рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 17, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд