Имрӯз дар Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист соати 09:00 баргузор мегардад.
Дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нишасти матбуотӣ соати 10:00 доир мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Вазорати энергетика ва захираҳои об соати 11:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотии Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ соати 13:00 дар Вазорати кишоварзӣ доир мегардад.
Дар Агентии хоҷагии ҷангал нишасти матбуотӣ соати 14:00 баргузор мешавад.
Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соати 09:00 ва дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон соати 11:00 гузаронида мешавад.
Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.
Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.
Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






