Имрӯз дар Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия, Кумитаи андоз ва Суди Олӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 15, 2024 08:19

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва  Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Суди Олӣ соати 09:00 доир мегардад.

Дар Вазорати адлия нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ соати 11:00 доир мешавад.

Дар Кумитаи андоз нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ соати 09:00 ва дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино соати 14:00 гузаронида мешавад.

Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ соати 09:30 баргузор мегардад.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 08:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд