ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 2,1 миллион амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо анҷом дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти андози Тоҷикистон дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ бо 19 ташкилоти қарзии молиявӣ созишнома ҷиҳати ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба имзо расонида, тавассути замимаҳои мобилии ташкилоти қарзии молиявӣ ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро амалӣ менамояд.
Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ дар Душанбе иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия ва қабул намуд, ки тибқи он якчанд тадбири муҳим андешида шуд.
Аз ҷумла, барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд. Аз 1 августи соли 2023 то 1 январи соли 2024, дар маҷмуъ 2,1 миллион амалиёти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо ба маблағи беш аз 780 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
Нусратулло Давлатзода афзуд, ки мақомоти андоз минбаъд ҳам барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, тақвияти раванди рақамикунонии соҳа ва дар ин замина бештар намудани номгӯи хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, беҳтар ва сифатан бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ тибқи низоми идоракунии хавфҳо ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ тадбирҳои муассири иловагӣ меандешад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид






