Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Панҷакент ба кишти картошкаи барвақтӣ шуруъ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Чинор ва Саразми Панҷакент ба кишти картошкаи барвақтӣ шуруъ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент.
Деҳқонон азм намудаанд, ки аз кишти картошкаи барвақтӣ ҳосили хуб гирифта, баъди ҷамъоварии ҳосил дар ин заминҳо кишти такрории зироати дигар гузаронанд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Чинор ба хотири ҳифз аз сардиҳои аввали баҳор кишти картошка бо усули зери плёнка гузаронида мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент бо ҷараёни картошкашинонӣ ва омода намудани майдонҳои кишт шинос шуда, ба деҳқонон барор орзу намуд, ҷиҳати дар муҳлати мувофиқ ва бо риояи талаботи агротехникӣ кишту парвариш намудани картошка дастур дод.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо иштироки раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони хоҷагиҳои деҳқонӣ, мутахассисон ҷаласа баргузор шуда, зимни он масоили марбут ба кишти картошка, дигар зироат, пурра омода намудани замин ва тухмӣ, инчунин иншооти обёрӣ ба кишти баҳорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Деҳқонони Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 4500 гектар кишт гузаронанд, аз ҷумла дар 250 гектар картошкаи барвақтӣ шинонанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






