Консерваторияи миллии Тоҷикистон дар озмуни «Китобхонаи беҳтарин» сазовори ҷойи намоён гардид

Февраль 14, 2024 08:35

ДУШАНБЕ, 14.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Китобхонаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов аз рӯйи номинатсияи «Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ» дар даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» сазовори ҷойи дуюм гардида, бо Диплом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар маросим иброз гардид, ки ин озмун бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021 ташкил гардида, аз рӯйи 4 номинатсия гузаронида мешавад. Имсол дар озмун беш аз 48 китобхонаи муассиса ва ташкилоту идораҳои ноҳияи Шоҳмансур иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки имсол хазинаи китобҳои Консерватория ғанӣ гардид. Ба он аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 намуд маводи таълимӣ туҳфа шуд, ки дар байни онҳо китобҳои дарсӣ, маводи нотавӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои таълимӣ, хрестоматияҳо барои донишҷӯён ва дигар маводи таълимии соҳаи мусиқӣ мавҷуд буд.

АКС: Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов

Февраль 14, 2024 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст