Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми корҳои иттилоърасониро оғоз намуд

Февраль 2, 2024 14:58

ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  даври сеюми корҳои иттилоърасонӣ оғоз гардид. Бо ин мақсад 39 корманди Марказ барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1 то 9 феврал  ба  68  шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷалб мегарданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ.

Дар вохӯрие, ки дар Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2‑и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки 500 хатмкунандаи 8 муассисаи таълимии ин ноҳия ва волидону омӯзгорон доир гардид, дар он директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода иштирок намуд.

Мавсуф ба довталабон муроҷиат намуда, баён дошт, ки бо ҳамаи ин шароите, ки Марказ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бароятон муҳайё намудааст, шумо тамоми имкониятро баҳри донишҷӯ шудан доред.

«Омӯзед, барномаҳои таълимии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаро аз худ намоед, ба имтиҳонҳо хуб омода шавед ва танҳо ба донишу маҳорат ва лаёқати худ такя созед. Фирефтаи ашхоси қаллобу маккор нагардед, зеро дастгири шумо барои донишҷӯ ва соҳиби таҳсилоти миёна ё олии касбӣ шудан танҳо донишу кӯшишатон хоҳад буд»,- таъкид намуд директори Марказ.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақшаи кории Марказ барои шиносоӣ пайдо намудани довталабон ва алоқамандони дигари Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) аз низоми ин имтиҳонҳо моҳҳои феврал ва марти соли 2024 дар 3799 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби зиёда аз 150000  хатмкунандаи мактабҳо вохӯриҳо доир мешаванд.

Марказ дар ин давра ҳамчунин тақдиму дастрас намудани маводи иттилоотию методии марбут ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», маҷмуаи саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ – синфи 11-ум) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум)-ро ба муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон дар назар дорад.

АКС: Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 2, 2024 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад