МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳикматулло Назиров: «Ин барф ба дарахтоне, ки гул кардаанд, чандон зарар намерасонад»

Февраль 20, 2024 17:47

ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Боридани барф дар  чанд рўзи охир,  пеш аз ҳама ба манфиати кори деҳқонон аст. Зеро барф ҳашароти зараррасонро нобуд намуда, дарахтонро аз гулкунии барвақтӣ нигоҳ медорад. Тавре медонем, аз сабаби гарм омадани зимистони имсола  дар ноҳияҳои вилояти Хатлон қисме аз дарахтони донакдор, аз ҷумла бодом, зардолу, қисман шафтолу аллакай дар ҳолати гулкунӣ қарор доранд ва  барфе, ки борид, ба онҳо зарари ҷиддӣ расонида наметавонад. Чунин изҳор намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров.

Коршинос ба боғдорони мамлакат тавсия медиҳад, ки набояд танаи дарахтони меваи донакдор аз барф тоза карда шавад, зеро ин барф имконияти ҳимояи навдаҳои онҳоро дорад. Барф решаи дарахтонро бо намии дуру дароз таъмин месозад. Он барферо, ки дар атрофи решаи дарахтон аст, бояд ҷамъ карда, дар зери дарахт пур намоем, то тавонад дарахтро дуру дароз карахт нигоҳ дорад.

Ба гуфтаи мутахассис, ин барф дар ноҳияҳои тобеи марказ- аз шаҳри Турсунзода то ноҳияи Файзобод ба дарахтоне, ки гул намудаанд, хатари ҷиддӣ надорад.

«Фоидаи барф аз он иборат аст, ки ҳашароти зараррасони боғу токзор ва дигар зироати кишоварзиро нест менамояд. Дар ин шабу рӯз бояд яхобмониро мувофиқи талабот иҷро  намуд. Зеро яхобмонӣ имконият медиҳад, ки ҳашарот ва касалиҳои дар хокбуда ва дар атрофи дарахтон вуҷуддошта нобуд гарданд. Ҳамзамон давраи гулкунии баҳории дарахтон дар фасли баҳор дертар оғоз мешавад»,-  афзуд ҳамсуҳбати мо.

Мутахассиси соҳа изҳор медорад, ки он ҳашарот ва касалиҳое, ки дар дарахтон вуҷуд доранд, дар ҳарорати 10 дараҷа паст, яъне давоми як ҳафтаи сардӣ пурра нобуд мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки дарахтон дар оянда ҳосили фаровон диҳанд. Аз ин рӯ, боғпарварон бояд аз ин имконият самаранок истифода баранд.

Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки дар чунин вазъи ҳаво дар заминҳои лалмӣ ва заминҳое, ки дарахтони мева ва токзор мавҷуд ҳастанд, бо намӣ таъмин мешаванд.

Коршинос  тавсия медиҳад, ки  вақте дар  атрофи решаи дарахтон барф ҷамъ мешавад, он ба системаи решаи дарахтон рафта, онро хунук менамояд. Ин сабаби он мешавад, ки давраи гулкунии дарахтони мева 8-12 рӯз дертар оғоз гардад. Тарафи дигари масъала он аст, ки ба ин барф дарахтони мева, ороишӣ ва сояафкан эҳтиёҷи зиёд доранд.

Дар бисёр боғҳо дарахтони ороишӣ, ба мисли арчаҳои гуногунро метавон дид, ки бо барфи зиёд пӯшонида шудаанд. Дар ин ҳолат  мутахассис  изҳор медорад, ки барфи болои  ин дарахтонро мебояд бо чӯбҳои дароз оҳиста сабук намуд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар ин шабу рӯз шудгор намудани заминҳо ба манфиати кор мебошад. «Барфе, ки меборад, барои нафасгирии хок аҳамияти зиёд дорад. Вақте ки барф мебораду мо заминҳоро шудгор менамоем, ин фоида  дорад. Зеро ҳангоми шудгор намудан ҳашароте, ки дар зери замин ҳастанд, боло мебароянд ва шабона, ки ҳаво сард ва яхбандӣ мешавад, ин ҳашарот пурра нест мешаванд.

Мутахассисони соҳаи кишоварзӣ иброз медоранд, ки яхобмонӣ имконият медиҳад дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте ки давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор бе зарар гузашт, метавон ба ҳосили хубу босифат умед баст.

Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки агар дар фасли сармо замин яхоб хӯрад, дар мавсими киштукор намии муқаррарӣ пойдор мемонад, ҳашароти зараровар нобуд мешаванд ва таркиби хок аз оби захиравию сабзишӣ баҳраманд мегардад. Зеро оби захиравӣ фоидаи калон дошта, ба замини киштбобу корам қувват ва ба хок нармӣ мебахшад.

«Манфиати яхобмонӣ дар он аст, ки давраи гулкунии дарахтони мева, аз ҷумла бодом ва зардолу ба қафо партофта шуда, имконият медиҳад, ки дарахтон аз сардиҳои ногаҳонии баҳорӣ эмин монанд. Вақте давраи хунукии ногаҳонии фасли баҳор гузашт, сипас дар оғози гулкунӣ метавон ҳосили хубу босифат ба даст овард»,-илова кард  мутахассис.

Мутобиқ ба маълумоти обуҳавошиносон, дар ин рӯзҳо ҳаво то 3-4, дар баъзе ҷойҳо то 5 дараҷа хунук мешавад. Коршинос дар ҳолати сардии зиёд тавсия медиҳад, ки дар гирди дарахтон дуд ташкил намоянд, то ҳарорати гирди дарахтро гарм нигоҳ доранд. Чунки  дар ҳолати иҷро намудани ин амал оби даруни гули дарахтон ях намекунад. Агар оби гулҳо ях кунад, ҳосили дарахт нобуд мегардад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2024 17:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ баҳои баланд дода шуд
Истиқлоли давлатӣ — волотарин дастоварди миллати тоҷик
Вазири энергетика ва захираҳои об: «Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар соли равон афзудааст»
Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе даъват гардиданд
«ПОМИРИНВЕСТ – 2024». Дар давоми ду соли баргузории ин Форуми байналмилалӣ ба иқтисоди ВМКБ беш аз 2 миллиард сомонӣ сармоя ворид гардид
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ Форуми байналмилалии «Помиринвест -2024» оғоз гардид
Дар Душанбе вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бозори коғазҳои қиматнок баррасӣ шуд
Барои сохтмони НБО-и «Себзор» аз ҷониби Бонки Олмонии рушд беш аз 44 миллион евро грант ҷудо мегардад
Дар Душанбе мулоқоти намояндагони ширкатҳои дорусозии Ҳиндустон бо соҳибкорони тоҷик баргузор гардид
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар соҳаи энергетика 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ мешавад
То охири соли равон 900 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барқарор мегардад